Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандон аз талаби зиндониён пуштибонӣ карданд


Тақрибан 30 тан аз пайвандони маҳбусони даст ба гуруснашинизадаи маҳбасҳои Қирғизистон дар канори бинои яке аз зиндонҳо пикет ташкил карда хостори иҷро кардани талаби зиндониён шуданд.

Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, эътирозгарон ҳамчунин хостанд, ки хабарҳо дар бораи шиканҷа дар ин зиндон тафтиш шаванд.

Мансабдорони маҳбаси рақами 21 аз сӯҳбат бо эътирозгарон худдорӣ карданд.

Садҳо маҳбусони ҳафт маҳбаси Қирғизистон бо талаби беҳтар кардани шароити зисту таъминашон бо озуқа даст ба гуруснанишинӣ задаанд.

Бархе аз аз мансабдорону сиёсатмадорони қирғиз мегӯянд, ки гуруснанишинӣ аз берун аз сӯи атрофиёни раиси пешини парлуомн Аҳмадбек Келдибеков ташкил шудааст. Келдибеков рӯзи душанбе баъди ошкор шудани робитаҳояш бо олами ҷиноӣ аз мақоми раиси парлумони Қирғизистон истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG