Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин, сарвазири Русия, изҳор намуд, ки дар сурати раисиҷумҳур интихоб шуданаш аризаи афви раҳбари пешини ширкати ЮКОС Михаил Ходорковскийро баррасӣ хоҳад кард ва аммо агар Ходорковский ин гуна ариза нависад.

Ин изҳороти Путин баъд аз анҷоми сӯҳбати мустақими телевизионӣ садо дод. Ин сӯҳбат аз суолҳо дар бораи мухолифин ва намоишҳои эътирозӣ алайҳи тақаллуб дар интихобот ба Думаи давлатӣ шурӯъ шуд.

Ба гуфтаи Путин, натоиҷи эълоншудаи интихобот ба Думаи давлатӣ, аз ҷумла, раъйҳои гирифтаи ҳизби “Русияи воҳид” - баёнгари тавозуни нерӯҳои сиёсӣ дар кишвар аст.

Путин аз мухолифин барои аз хориҷа сармоягузорӣ шуданашон интиқод кард ва онҳоро таҳқиромез “бандерлогҳо” номид

Сарвазири Русия чанд соат ба суолҳои одамони дар студияи телевизион ҷамъомада ва аз тариқи маркази хабариву сомонаи интернетӣ воридшуда посух дод.
XS
SM
MD
LG