Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 7 қочоқбари маводи радиоактив дао Словакия


Дар Словакия ҳафт нафар бо гумони фурӯши маводи радиоактив боздошт шуданд. Ба иттилои полис, ин маводи қиматаш тақрибан 650 ҳазор доллар бояд аз яке аз кишварҳои собиқ шӯравӣ ба Словакия оварда мешуд.

Яке аз боздоштшудагон – шаҳрванди Ҷумҳурии Чех ва шаш тани дигар – сокинони Словакия мебошанд. Гуфта мешавад, ки онҳо аз соли 2009 ба ин сӯ таҳти назорати кормандони полиси Чехия ва Словакия қарор доштанд.

Соли 2007 дар Словакия се нафаре боздошт шуда буданд, ки мехостанд уранро бо қиммати як миллион доллар бифурӯшанд.
XS
SM
MD
LG