Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наришкин - раиси эҳтимолии Думаи давлатии Русия?


Дмитрий Медведев ва Сергей Наришкин
Дмитрий Медведев ва Сергей Наришкин
Раиси дафтари раисиҷумҳури Русия Сергей Наришкин ва муовини нахуствазир Александр Жуков аз мандатҳои вакилони Думаи давлатӣ даст накашидаанд.

Ба иттилоъи расмӣ, ному насаби онҳо ба феҳристи вакилони Думаи давлатӣ аз ҳизби “Русияи воҳид” шомил аст. Феҳристи ҳама вакилони палатаи поёни парлумон рӯзи 19 декабр аз сӯи Комиссиюни марказии интихоботи Русия тасдиқ мешавад.

Наришкин ва Жуков дар садри рӯйхатҳои ҳизбӣ дар вилоятҳои Ленинград ва Калиниград буданд.

Расонаҳои Русия Сергей Наришкинро номзади эҳтимолӣ ба мақоми раиси Думаи давлатӣ мехонанд. Раиси пешини Думаи давлатӣ Сергей Гризлов дирӯз эълом дошт, ки аз ваколати депутатӣ даст кашидааст.
XS
SM
MD
LG