Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Порис Жак Ширакро муҷрим донист


Жак Ширак

Жак Ширак

Додгоҳи Порис раисиҷумҳури пешини Фаронса Жак Ширакро дар ғайриқонунӣ азхуд кардани маблағ ва сӯиистифода аз мақоми мири шаҳри Порис айбдор кард.

Бори аввал дар таърихи Фаронса ба сарвари пешини давлат айб эълон мешавад. Ба сиёсатмадори 79-сола то 10 соли маҳбас ва ҷарима ба маблағи 150 ҳазор евро таҳдид мекунад.

Ҳамгоми қироати ҳукм Жак Ширак бар асари маризӣ дар толори додгоҳ ҳузур надошт.

Жак Ширак тайи 18 сол, аз соли 1977 то соли 1995 мири пойтахти Фаронса буд. Ба иттилои тафтишот, ӯ ҳамроҳ бо нӯҳ муҷрими дигар тақрибан 30 ҷойи кори тақаллубӣ таъсис намуда, маблағи онҳоро барои манфиатҳои маъракаи интихоботии худ истифода кардааст.
XS
SM
MD
LG