Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси миллии Тоҷикистон се узвашро "аз даст дод"


Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон, дархости истеъфои се узви ин маҷлисро пазируфтааст.

Бо дархости шахсии худ раҳбари собиқи Истаравшан Муним Холиқов, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва раиси ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров аз узвияти Маҷлиси миллӣ хориҷ шудаанд.

Ин дархости онҳо дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки таҳти раҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъйид шуд.

Бо канор рафтани се узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар маҷлиси болоии порлумони кишвар акнун чаҳор курсии холӣ боқӣ монд. Зеро қабл аз истеъфои ин се узви Маҷлиси миллӣ, бо даргузашти раиси пешини ноҳияи Тоҷикобод - Махсум Фозилов як ҷои холӣ дар ин маҷлис вуҷуд дошт.

Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки аз 34 нафар иборат аст, 25 тани онҳо аз сӯи интихобкунандагон ва 8 тани онҳо бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин маҷлис роҳ ёфтаанд.

Ба ҷуз ин, раисиҷумҳури собиқи Тоҷикистон ин ҳақро дорад, ки узви Маҷлиси миллии кишвар бошад. Ҳоло аз ин ҳуқуқи худ раисиҷумҳури пешини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG