Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

HRW: Барои тирборон фармондеҳони артиши Сурия амр додаанд


Ҳайати фармондеҳии артиши Сурия мустақиман барои тирборони ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ дар кишвар амр додааст. Ба ин нукта дар гузориши созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch таъкид шудааст.

Гузориш бар асари мусоҳиба бо даҳҳо афсарону сарбозон ва кормандони хадамоти кашф таҳия шудааст. Ба гуфтаи онҳо, фармони шиканҷаи боздоштшудагонро ҳам низомиёни воломақоми артишу хадамоти кашф содир кардаанд.

Ба иттилои СММ, тайи нӯҳ моҳи нооромиҳо дар Сурия панҷ ҳазор нафар екушта шудаанд. Аз ин пеш раисиҷумҳур Башор Асад гуфта буд, ки барои оташ кушодан сӯи эътирозгарон фармон надодааст.

Тибқи як хабари дигар аз Сурия, имрӯз дар вилояти Даръо бар асари даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва низомиёне, ки ба ҷониби мухолифин гузаштаанд, 27 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG