Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз амалиёти низомии ИМА дар Ироқ расман хатм мешавад


Мулоқоти Обама бо низомиён дар Каролинаи Шимолӣ
Мулоқоти Обама бо низомиён дар Каролинаи Шимолӣ
Имрӯз дар Бағдод парчами ИМА пойин карда мешавад ва ин баёнгари хатми расмии амалиёти низомӣ дар Ироқ хоҳад буд. Бештари низомиёни амрикоӣ ба ватан интиқол ёфтанд ва назорати таъмини амният ба нерӯҳои ироқӣ вогузор шудааст.

Баъд аз вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Ироқ дар соли 2003 дар амалиёти низомӣ дар ин кишвар беш аз яку ним миллион афсарону сарбозони амрикоӣ ширкат доштанд. ИМА барои ин ҷанг як триллион доллар сарф кард. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ беш аз сад ҳазор ироқиҳо кушта шуданд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар мулоқот бо низомиён дар Каролинаи шимолӣ гуфт, ки ҳарбиёни кишвараш Ироқи мустақилу боэътидолро тарк мекунанд. Дар Ироқ фақат тақрибан 200 мушовири низомии амрикоӣ боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG