Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози роҳ. Аз Фейсбук то саҳнаи сиёсӣ


Дар акс: Лаҳзае аз анҷумани муассисони "Созандагони Ватан"

Дар акс: Лаҳзае аз анҷумани муассисони "Созандагони Ватан"

Мушкилоти иҷтимоӣ ҷавононро маҷбур кардааст, ки бештар дар фикри рӯзгузаронӣ бошанд, на идеяҳои сиёсӣ.

Чанде пеш яке аз маҷаллаҳои пойтахт феҳристи афроди бонуфузи Тоҷикистонро ба нашр расонд.

Ин раддабандӣ, ки бо иштироки коршиносон ва рӯзноманигорони номдор таҳия шудааст, маълум кард, ки бонуфузтарин раҳбари ҷавон -- Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, будааст.

Дар асл, дар пайи ҷустуҷӯи раҳбарони ғайрирасмӣ метавон вақти зиёдро сарф кард. Зеро то ҳол ҳеҷ ҷавоне ҳамтоҳои худро дар заминаи идеяҳои сиёсӣ дар атрофи худ ҷамъ наовардааст. Зоҳиран мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ҷавонҳоро маҷбур кардааст, ки бештар дар фикри рӯзгузаронӣ бошанд, на идеяҳои сиёсӣ.

Соҳибназарон ҳам мегӯянд, ки ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон ғайрисиёсиву пароканда ҳастанд ва раҳбари дурахшону пурҷозиба надоранд. Ба гуфтаи онҳо, сабаби набудани лидерҳои ҷавон дар кишвар барои кору таҳсил ва зиндагӣ берун рафтани онҳо аз Тоҷикистон аст.


Воқеияти ҷомеаи Тоҷикистон ин аст, ки ҳеҷ касе ба муаррифи худ ҳамчун як лидери ҷавон ҷуръат намекунад. Аммо онҳоро мешавад пушти пардаи шабакаи интернет пайдо кард. Барои мисол, дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”.

Тоҷикистон ба рукуди сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ҳукумат камбуди сиёсатмадорону раҳбарони босалоҳиятро хеле рӯшан дарк мекунад. Бахши умдаи сиёсатмадорони феълӣ бо тарзи бархӯрд ба мушкилоти кишвар, ба воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд.

Онҳо аксаран дар мактабҳои ҳизбӣ таълим гирифтаанд ва ҳоло ҳам аз шеваи иқтисоди барномарезишудаи Ҳизби коммунист кор мегиранд. Ба гуфтаи аксари коршиносон агар мақомоти кишвар оҷилан аз пайи омода кардани раҳбарони ҷавон нашаванд, ин масъала дар оянда бештар аз худ дарак хоҳад дод.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG