Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои додгоҳи вилояти Маскав ҳукми Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумовро баррасӣ мекунад.

Хабаргузориҳои русӣ менависанд, Додгоҳи олии Русия шикояти вакили мудофеи Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистонро барои баррасӣ ба Шӯрои додгоҳи вилояти Маскав ирсол кардааст. Дар ҳоле ки қаблан додгоҳи ноҳияи Шелковои вилояти Маскав шикояти ӯро қонеъ нагардонида буд.

Додгоҳи Шелковои вилояти Маскав моҳи сентябри соли гузашта (2010) Рустам Ҳукумовро ба нӯҳуним соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти Русия мегӯянд, ӯро моҳи июни соли 2008 кормандони ниҳодҳои интизомӣ ҳамроҳ бо се тани дигар ҳангоми ба фурӯш омода кардани 9 кило маводи мухаддир боздошт намудаанд.

Аммо исми Рустам Ҳукумов тирамоҳи соли ҷорӣ, ҳангоме ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати русии “Ролкан”-ро ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард, рӯи забонҳо омад. Ҳарчанд то он замн матбуоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи боздошт ва ҳукми зиндони писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, ҳарфе нагуфта буданд.

Он вақт бархе аз расонаҳои Русия навиштанд, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад бар ивази Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ду халабони ширкати русӣ, Рустам Ҳукумовро, ки аз наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон хонда мешавад, озод намоянд. Аммо Вазорати умури хориҷии Русия воқеияти иваз кардани Садовничий ва Руденко бо Рустам Ҳукумовро рад карда буд.

Максим Пешков, раиси дафтари ин вазорат дар умури кишварҳои ҳамсуд ё СНГ гуфта буд, ки дар бораи чунин доду гирифт ба вазорат пешниҳоде нарасидааст.

Бо ин ҳол, баррасии ҳукми зиндони Рустам Ҳукумов дар додгоҳи вилояти Маскав дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар пайи пофишориҳои Русия ду халабони ширкати "Ролкан"-ро афв ва аз боздошт раҳо намуд. Ҳарчанд ду ҳавопаймои Ан-72, ки Садовничий ва Руденко бо он дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа пойин омада буданд, дар ихтиёри Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Матбуоти Русия бо такя ба иттилои Оҷонси тафтишоти федералӣ мегӯянд, ки Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, шаҳрванди Русия мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG