Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Авфи Байналмилал аз Эрон барои ...


Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, танҳо дар соли 2011 дар Эрон тақрибан 488 нафарро бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир қатл кардаанд, ки се маротиба бештар аз соли 2009 аст. Дар як гузориши тозаи ин созмон таҳти унвони “Мӯътоди марг. Ҳукми қатл барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир” омадааст, то охири моҳи ноябр дар Эрон 600 мавриди иҷрои ҳукми қатл сабт шудааст. Тақрибан 81 дар сади ин афрод бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба марг маҳкум шудаанд. Авфи Байналмилал мегӯяд, дар мавриди одилона баргузор шудани ин муҳокимаҳои додгоҳии афроди муттаҳам ба хариду фӯруши маводи мухаддир нигарониҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG