Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиф Алӣ Зардориро аз бемористон ҷавоб доданд


Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистонро, ки дар Дубай муолиҷа мегирифт, аз бемористон ҷавоб додаанд. Сухангӯяш, Фатҳулло Бобур гуфт, Осиф Алӣ Зардорӣ ҳоло дар як қароргоҳе дар Дубай иқомат мекунад, аммо маълум нест, ки кай ба Покистон бармегардад. Табибон пештар гуфта буданд, ки ташхиси тиббии Осиф Алӣ Зардорӣ нишон дод, ки вазъи сиҳатии ӯ мӯътадил аст. Раиси ҷумҳури 56-солаи Покистон ҳафтае пеш бемор шуд ва ӯро фавран барои муолиҷа ба Дубай дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фиристоданд. Тарки ногаҳонии Осиф Алӣ Зардорӣ сару садоҳоро барангехт, ки ӯ эҳтимолан баъди моҷаро бар сари он, ки як дастёраш аз Амрико хостааст, дар маҳдуд кардани қудрати артиш мусоидат кунад, истеъфо медиҳад. Мақомоти Покистон ин ҳамаро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG