Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон насибааш дар як майдони нафту газро гирифт


Давлати Қазоқистон бо имзои қарордоде 10 дар сади саҳмияҳои майдони бузурги нафту гази Қарачаганакро соҳиб шуд, ки то кунун моликияти ширкатҳои хориҷӣ буд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, созишнома дар бораи тақсими саҳмияҳои майдони нафт рӯзи якшанбе бо ширкати муттасаддии Қарачаганак имзо шуд, ки саҳмияҳои онро чаҳор ширкати бузурги Аврупо ва Русия дар даст доранд. Ин майдон 1 миллиарду 200 миллион тонна нафт ва 1 триллиону 35 миллиард метри мукааб гази табиӣ доштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG