Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи амрикоии “Time” эътирозгарро “Чеҳраи соли 2011 ” эълон кард. Ин маҷалла зимни интихоби “Чеҳраи сол” ба эътирозҳое такя кардааст, ки аз Ховари Миёна оғоз шуда, ба Аврупову Амрико густариш ёфт. “Time” эътирозгаронро “таҷдиди назар дар ҳукумати мардум” дар саросари дунё унвон кардааст. Маҷалла ҳар сол афродеро “Чеҳраи сол” интихоб мекунад, ки ба бовараш, дар таҳаввулоти сол ба сурати манфӣ ё мусбат нуфузи фавқулодда доштаанд. Соли гузашта Марк Зуккерберг, муассиси шабакаи иҷтимоии “Facebook” чеҳраи соли “Time” интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG