Пайвандҳои дастрасӣ

Игор Смирнов дар Приднестровйе шикаст хӯрдааст


Смирнов

Смирнов

Бар асоси шумори муқаддамотии оро, дар интихоботи раёсатҷумҳурии вилояти худхондаи Приднестровйе, раҳбари феълии ин вилоят Игор Смирнов шикаст хӯрдааст. Ӯ ба даври дуввуми интихобот роҳ наёфт. Маскав дар ин интихобот аз рақиби Смирнов –Анатолий Каминский ҳимоят мекард. Приднестровйе, ки аксарияти аҳолиашро русзабонҳо ташкил медиҳанд, дар пайи як ҷанги хунин дар авоили солҳои 90 худро аз Молдова мустақил эълон кард.
XS
SM
MD
LG