Пайвандҳои дастрасӣ

Мегӯянд, ҳар кас субҳ бо ҳолу ҳавои хосе аз хоб бедор мешавад. Аммо дар видое мебинем, ки ин гуна ҳам нест.

Мешавад, ҳадс зад, ки яке бо хушҳолӣ аз хоб мехезад, дигаре бо нороҳатӣ, савумӣ бо орзу ва чаҳорумӣ бо нигаронӣ. Вале дар ҷамъи худ, ҳамагон бо андешаҳои рӯзи нав бармехезанд.

Он чӣ ҳамагонро дар ин андешаҳо муттаҳид мекунад, талоши расидан ба мақсадҳои худ ва орзуи тани сиҳату хабарҳои нек аст. Ва он чӣ яке аз дигаре ҷудо мекунад, бовар ба рӯзи неку бобарор ва нигаронӣ аз таҳдиди мушкили ҳалношуд аст.

Аксаран, ин эҳсосот баёнгари вазъи феълии ҷомеа низ мебошад ва ба он иртибот мегирад. Посухи раҳгузарон ба суоли "Аз сари субҳ сари кадом масъала ва ё мавзӯъ фикр мекунед", дар навори видеоии зер тақдим мешавад:


Вале Шумо, хонандаи арҷманд, вақте субҳ аз хоб бедор мешавед, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама дар бораи чӣ фикр мекунед? Шояд андешаҳои Шумо аз он чизҳое, ки дар ин навор гуфта мешаванд, фарқ доранд?

Лутфан, бинависед ва ба ин гуфтугӯ ҳамроҳ шавед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG