Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндаи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ мегӯяд, вокуниши мақомоти тоҷик ба муроҷиати ин ниҳод дар робита бо парвандаҳои М.Искандаров ва С.Тошевро баррасӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Додситонии кулли Тоҷикистон эълом дошт, ки тавсияҳои Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи башари Созмони милали Муттаҳид дар бораи парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро баррасӣ карда, посухашро ба Кумита фиристодааст. Додситонӣ гуфтааст, дар парвандаи Искандаров қонунгузории Тоҷикистон пурра муроот шудааст

Лилия Захариева, мушовири Раёсати Комиссариати Олии ҳуқуқи башари СММ дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин вокунишро ҳанӯз дар даст надорад, аммо иҷрои тавсияҳои ниҳодаш ба мақомоти кишвар пайгирӣ мешавад: «Кумита боз ёдовар мешавад ва қарорҳои худро пайгирӣ мекунад. Аз ҳар давлат пурсида хоҳад шуд, ки аз рӯи қарори Кумита чӣ кор кардааст ва чаро накардааст. Воқеан мо тавсия медиҳем ва ниҳоде ҳам нест, ки кишварро маҷбур кунад. Аммо ҳар қадар ки зарур аст, ҳамон қадар ёдовар мешавем. Ҳар сари чанд моҳ номаи ёддошт мефиристем.»

Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ моҳи марти соли равон аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки то шаш моҳ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро озод ё парвандаашро бознигарӣ кунад. Ин муроҷиат дар пайи аз сӯи Додгоҳи Аврупо ғайриқонунӣ эълом шудани боздошт ва истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифта буд..

Лилия Захариева дар мавриди посухи додситонӣ чизе нагуфт, аммо Фирӯз Искандаров, писари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, додситонӣ ба Кумита посухе ирсол накардааст: «Ман бо яке аз кормандони Кумитаи ҳуқуқи башари СММ сӯҳбат доштам. Он кас гуфтанд, ки ҳанӯз посухе аз ҷониби Тоҷикистон нагирифтаанд. Аммо аҷиб аст, ки имрӯз тариқи расонаҳо як гап мегӯянд, аммо аз тарафи дигар, гапи дигар мегӯянд. Мо мехоҳем ба онҳо як посухи асоснок омода кунем.»

Ҳамчунин дар мавриди Садриддин Тошев, собиқ фармондеҳи ИНОТ додситонӣ гуфтааст, ки ба ӯ қонуни авф татбиқ ва аз мӯҳлати ӯ 2 сол кам шудааст. Додситонӣ гуфтааст, Тошев дар ҷиноёти вазнин аз қабили куштор ва ғорат муттаҳам мешавад.

Cадриддин Тошев

Cадриддин Тошев

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки Тошев ва панҷ нафари дигар низ аз зиндон раҳо карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи Садриддин Тошев мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ бояд бар асоси моддаи 10 Қонуни авф, ки раҳоии ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиевро дар назар дорад, бояд авф мешуд: «Аммо ҳоло масъалагузорӣ карда истодааст, ки модом маро то ба ҳол «одами Маҳмуд» мегуфтед, нисбати ман ҳам авфро татбиқ кунед. Чаро татбиқ намекунед? Худи Тошев тавассути наздиконаш ба ман маълумот дода буд, ки дар муассиса ба ӯ гуфтаанд, нисбати ӯ моддаи 10 татбиқ хоҳад шуд. Ҳуҷҷатҳои лозима ҳам ба прокуратура фиристода шудааст.»

Аммо аз 6 нафаре, ки авфашонро Кумитаи ҳуқуқи башари СММ хостааст, се нафар, ба шумули яке аз хешованди Маҳмуд Худойбердиев озод шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG