Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаҳои ёрии Олмони бӯҳронӣ ба Тоҷикистон


Бинои қадимаи сафорати Тоҷикистон дар Олмон
Бинои қадимаи сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ширкат кард.

Дар ин бора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон, хабар дод.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, дар ин маросим вазири рушди иқтисоди Олмон ҷаноби Нибел низ ҳузур дошт. Баъд аз ифтитоҳи бинои сафорат, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҷаноби Нибел мулоқот анҷом дод. Қарор аст, ки имрӯз президенти Олмон Кристиан Вулф ҳамтои тоҷикашро дар кохи раисиҷумҳури Олмон ба ҳузур бипазирад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Баъд аз зӯҳр мулоқоти Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо Эмомалӣ Раҳмон доир мешавад. Шоми рӯзи чаҳоршанбе нишасти соҳибкорони Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои бузурги Олмон баргузор мегардад.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон гуфт, ки “рӯзи сешанбе сарвари кишвар бо аъзои комиссиюни байнипарлумонии Олмону Тоҷикистон сӯҳбат кард ва ба суолҳои вакилони парлумон посух дод. Баъдан дар вазорати иқтисод ва фановарии Олмон мулоқот бо ноиби Садри аъзам ҷаноби Филипп Рёслер баргузор гардид ва ба думболи он чанд санади сирф иқтисодӣ имзо шуд.

Имомуддин Сатторов афзуд, ки шоми дирӯз мулоқоти раисиҷумҳур бо ҳамватанон ва форсизабонони Олмон доир шуд, ки дар он шахсиятҳои шинохта, донишмандони шарқшинос, аҳли фарҳанг аз Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва теъдоди бузурги донишҷӯёни тоҷик ширкат доштанд. Мулоқот хело хубу самимиву дилнишин буд ва он тақрибан се соат идома кард. Дар чаҳорчӯби ин мулоқот ҳамчунин китоби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикон дар ойинаи таърих” ба забони олмонӣ муаррифӣ шуд.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, бо такя ба натоиҷи ду рӯзи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Берлин оё метавон дар бораи дастовардҳои муҳиму назаррас дар мулоқоту машваратҳо сӯҳбат кард?

Имомуддин Сатторов: Ин сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Олмон тайи ду-соли ахир таҳия шуд ва он санадҳое, ки имзо шуданд ва санадҳое, ки боз дар ҷараёни ин сафар ё баъдан дар шаҳри Душанбе имзо мешаванд, баёнгари таҳким ёфтани равобит миёни ду кишваранд. Яъне боз созиш миёни ҳукуматҳои Олмону Тоҷикистон дар бораи кӯмакҳои техникӣ ва созиши дигар миёни вазоратҳои умури дохилии ду кишвар дар бораи муборизаи муштарак бо терроризм имзо мешавад. Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии сафар – таҳкими равобити иқтисодии Олмону Тоҷикистон ва ҷалби сармояи бештар ба иқтисоди Тоҷикистон аст ва метавон гуфт, ки ҳайат ба он муваффақ ҳам шудааст.

Ман фикр мекунам, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ҳам сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҷумҳурии Федеролии Олмон дорои аҳамияти зиёд аст, зеро Олмон аз кишварҳои бузургтарини Аврупост ва дар сиёсати хориҷии Итиҳодияи Аврупо таъсири қавӣ дорад. Аз нигоҳи ман, гуфтушунидҳое, ки баргузор мешаванд, барои рушди равобити Тоҷикистон на фақат бо Олмон, балки бо кулли Иттиҳодияи Аврупо такони ҷиддӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG