Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Академикҳо"-и хурдсоли футболи “Истиқлол”


Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе Академияи бачагонаи футболи худро таъсис хоҳад дод.

Лоиҳае, ки онро роҳбарияти клуб таҳия кардааст, дар футболи тоҷик азиму беҳамтост.

Фаридун Солиев, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ба “Озодӣ” гуфт, “дар академия футболбозони боистеъдоди синнашон 12-16-сола аз ҳамаи манотиқи кишвар таҳсил хоҳанд кард. Футболбозони умедбахш, ки дар академияи “Истиқлол” таҳсил мекунанд, захираи бошгоҳи футболро ташкил медиҳанд ва дар оянда имкон пайдо мекунанд, ки ба ҳайати асосии даста дохил шаванд. Академия соҳиби майдони футбол, инчунин, маҷмааи варзишӣ хоҳад шуд. Академияи бачагонаи футбол дар деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор ҷойгир мешавад.”

Ҷаноби Солиев афзуд, ахиран роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” чаҳор мураббӣ - Сергей Ли, Аҳлиддин Турдиев, Ҳикмат Фузайлов ва Нӯъмон Юсуфовро барои таҷрибаомӯзӣ ба мактаби бачагонаю наврасони бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазон, ки дар Русия беҳтарин аст, фиристод.

Бояд тазаккур дод, Тоҷикистон аз бачаҳои боистеъдод бой аст, вале мутаассифона, барои тарбияи футболбозони моҳир дар айни ҳол шароитҳои хуб мавҷуд нест. Ягона мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад, дар вазъи ногувор қарор дорад.

Бинобар ин, аҳдофи таъсис додани Академияи бачагонаи футболи “Истиқлол” тайёр намудани футболбозони ҷавону шоиста мебошад, ки тавонанд футболи тоҷикро аз бӯҳрон бароранд.

Маросими кушоиши Академияи бачагонаи футболи “Истиқлол” моҳи марти соли 2012-ум дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар назар аст.
XS
SM
MD
LG