Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи боз як ҷасад аз манзили ҳамлагари Леж


Пулиси Белгия аз манзили силоҳбадасте, ки дирӯз дар шаҳри Леж 4 нафарро кушт, ҷасади як занро пайдо кардааст. Бар асари тирандозӣ аз мусалсал ва партофтани чанд норинҷак болои издиҳом дар як бозори марказии шаҳр 125 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Худи Нуриддин Имронии 33-сола, ки сокини Леж будааст, низ кушта шуд ва бовар меравад, ки ӯ худкушӣ карда бошад. Иллати ҳамла рӯшан нест, вале вазорати дохилаи Белгия гуфт, дар ин қазия изи терроризм мушоҳида намешавад. Имронӣ қаблан барои нигоҳ доштани маводи мухаддир ва силоҳ зиндонӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG