Пайвандҳои дастрасӣ

Панетта: Эътилоф дар Афғонистон дастболо мешавад


Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта, ки бо сафаре дар Афғонистон қарор дорад, имрӯз дар вилояти Пактико ба нирӯҳои Амрико гуфт, нирӯҳои эътилоф дар набардҳо дар ин кишвари ҷангзада дастболо мешаванд. Қарор аст, Панетта имрӯз дар Кобул бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ мулоқот кунад. Сафари дурӯза ва ғайримунтазираи Панетта ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Вошингтон ба хуруҷи нирӯҳои худ ва ба нирӯҳои афғон супурдани масъулиятҳои амниятӣ шурӯъ кардааст. Хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон бояд то поёни соли 2014 анҷом шавад.
XS
SM
MD
LG