Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди "Ҷенго" ва ёрони ӯ аз Душанбе ба Бишкек


Тоҷикистон ҳарсе қирғизи гумонбар дар қатли раҳбари собиқи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қурмонбек Боқиевро ба Бишкек супурдааст. Қодирбек Досонов, мулаққаб ба "Ҷенго", Сиддиқ Борбуев ва Чингиз Ҷумъагулов, мулаққаб ба "Верзила", ҳанӯз 14 сентябр дар Душанбе бо дархости мақомоти Қирғизистон боздошт шуданд. Ба бовари ин мақомот, ин сегона дар қатли Мадад Содирқулов дар моҳи марти соли 2009 даст доранд. Ҳарсе гумонбарро тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Бишкек бурда, ба дасти мақомоти қирғиз додаанд.
XS
SM
MD
LG