Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснанишинии садҳо маҳбус дар Қирғизистон


Садҳо маҳбус дар 7 зиндони Қирғизистон бо талаби шароит ва ғизои беҳтар даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Сухангӯи Кумитаи зиндонҳои Қирғизистон Ҷолдошбек Бузурманқулов гуфт, ин маҳбусон дирӯз наҳор хӯрданд, вале баъдан аз хӯроки пешин даст кашиданд. Ӯ гуфт, ин эътирози оммавӣ зоҳиран аз берун коргардонӣ мешавад, чунки маҳбусон якбора дар 7 зиндон даст ба эътисоби ғизо заданд.
Аммо омбудсмени қирғиз Турсунбек Охун гуфта, ки ин эътироз ғолибан ба истеъфои ду рӯз пеши раиси парлумон Аҳмадбек Келдибеков рабт дорад. Дар Ӯш алайҳи барканории Келдибеков, ки намояндаи ҷануб аст, алакай раҳпаймоии эътирозӣ доир кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG