Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Э.Раҳмон аз Олмон имрӯз ба поён мерасад


Имрӯз рӯзи охирини боздиди серӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Олмон аст. Қарор аст, дар нимаи дуввуми рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел мулоқот кунад. Эмомалӣ Раҳмон дар пайи Олмон бо як сафари расмӣ ба Украина рафта, сипас ба манзури ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ҳамсӯд озими Маскав хоҳад шуд.
Дирӯз дар Берлин байни Тоҷикистону Олмон 3 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд. Эмомалӣ Раҳмонҳамчунин дар як маросим ба тарҷумони китобҳояш ба забони немисӣ Манфред Лорентс ва ҳам ба ховаршинос Лутс Жеках нишони давлатии «Дӯстӣ» супурд.
XS
SM
MD
LG