Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон Siemens ва Bosch-ро ба Тоҷикистон даъват кард


Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кишвари Олмон идома дорад.

Қарор аст, имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар идомаи боздиди расмиаш аз ин кишвар, бо Ангела Меркел, садри аъзами ин кишвар дидору гуфтӯгу кунад.

Ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳузури сармоягузорони Олмон дар Тоҷикистон аз масоили мавриди баррасии ду тараф хонда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи сешанбе дар рӯзи аввали сафараш бо вакилони мардумии Олмон доир ба вазъи Афғонистон ва саҳми Тоҷикистон дар бозсозии он гуфтӯгу кард.

Вакилони Бундестаги Олмон нақши Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, ҳавасмандии роҳбарияти кишвари худро ба рушди бештари ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба иштирок дар татбиқи амалии имкону захираҳои иқтисодии Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи энергетикаи барқӣ ва интиқоли нерӯи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарар ба Афғонистону Покистон зоҳир карда шуд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин зимни боздид аз як корхонаи азими “Сименс” хост, то ин ширкат дар Тоҷикистон дафтари худро боз кунад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо тоҷикони муқими Олмон ва донишҷӯёни тоҷик мулоқот анҷом додааст. Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо хостааст, ки дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву илмии Тоҷикистон саҳми худро бигузоранд.
XS
SM
MD
LG