Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаномаи "Нигоҳ" панҷсола шуд


14-уми декабр нашрияи «Нигоҳ», аз ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон, панҷсола шуд. Дар ин робита имрӯз бо ширкати аҳли заҳмати рӯзнома, журналистон ва хонандагон ҳамоише барпо мегардад. Сарпарастии ин ҳафтаномаро рӯзноманигор Саймиддини Дуст ба ӯҳда дорад. “Нигоҳ” нашрияе буд, ки пас аз баста шудани се нашрияи мустақилу сахтгӯ - «Рӯзи нав», «Нерӯи сухан» ва «Одаму олам» ба саҳнаи матуботи тоҷик ворид шуд. Ин нашрия дар тӯли панҷ соли фаъолияти худ гоҳе ба мушкилот ва фишорҳои мақомот рӯбарӯ будааст.
XS
SM
MD
LG