Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон бо Ангела Меркел мулоқот мекунад


Қарор аст, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар идомаи боздиди расмиаш аз Олмон бо Ангела Меркел, садри аъзами ин кишвар дидору гуфтӯгу кунад. Ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳузури сармоягузорони Олмон дар Тоҷикистон аз масоили мавриди баррасии ду тараф хонда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи сешанбе дар рӯзи аввали сафараш бо вакилони мардумии Олмон доир ба вазъи Афғонистон ва саҳми Тоҷикистон дар бозсозии он гуфтӯгу кард. Ӯ ҳамчунин зимни боздид аз як корхонаи ширкати азими “Сименс” хост, то ин ширкат дар Тоҷикистон дафтари худро боз кунад.
XS
SM
MD
LG