Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров муносибати Ғарб бо Сурияро ғайриалоқӣ хонд


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, даъватҳо барои эъмоли таҳрим алайҳи Сурияро рад кард ва гуфт, зарбулаҷалҳо барои поён додан ба бӯҳрон кӯмак намекунанд. Сергей Лавров гуфт, кишварҳои ғарбӣ нисбат ба Сурия мавзеъи ғайриахлоқӣ гирифта, фишор ба раиси ҷумҳур Башшор Асадро бештар мекунанд ва амалкардҳои хушунатбори тундравонро нодида мегиранд. Сергей Лавров афзуд, кишвараш ба Сурия тавсия додааст, то нозирон аз Иттиҳодияи Арабро ҳарчӣ зудтар бипазирад. Рӯзе пештар аз ин Навӣ Пилай, кумиссионери олии ҳуқуқи башар дар Созмони Милал гуфт, дар муноқишаи 9 моҳаи Сурия бештар аз 5 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ӯ аз Шӯрои Амният хост, қазияи амалкардҳои давлати Сурияро барои таҳқиқи эҳтимоли иртикоби ҷиноят алайҳи башарият ба ихтиёри Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят бигузорад. Моҳи гузашта Русия ва Чин монеъи қабули тарҳи қатъномаи Шӯрои Амният шуданд, ки дар он хунрезӣ дар Сурия маҳкум мешуд.
XS
SM
MD
LG