Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши нав доир ба кӯдакони фаромӯшшудаи тоҷик


ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, муҳоҷирати кории волидайн аз Тоҷикистон барои фарзандони онҳо паёмадҳои ногуворе доштааст. Дар гузориши тозаи ин созмон, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, омадааст, кӯдаконе, ки падаронашон дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, бештар рӯҳафтодаву маҳзунанд ва саркашу канораҷӯ мешаванд. Зимни пажӯҳиш маълум шудааст, ки 50 дар сади кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ ҳафтае як бор ғамгину афсурдаҳол будаанд, вале ин рақам дар миёни хонаводаҳои бемуҳоҷир танҳо 33 дар садро ташкил медиҳад. Дар ин гузориш омадааст, теъдоди чашмгири хонаводаҳо, гуфтаанд, ки аз ноилоҷӣ роҳи муҳоҷирати кориро пеш гирифтаанд, агарчанде медонанд, ки таъсири муҳоҷират ба зиндагии хонаводаи онҳо манфист.
XS
SM
MD
LG