Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришгари СММ Қирғизистонро интиқод кард


Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури муқобила бо шиканҷа мегӯяд, дар Қаирғизистон ҳанӯз ҳам маъмурони интизомӣ бо муттаҳамон ба ҷиноят бадрафторӣ ва ё онҳоро шиканҷа мекунанд. Хуан Мендез баъди ошноӣ бо вазъи зиндонҳои Қирғизистон дар ҳафтаи гузашта гуфт, баъзе маъмурони амниятӣ барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳ аз муттаҳамон онҳоро ба нерӯи барқ мемонанд, бо газ нафасгир ё бераҳмона латукӯб мекунанд. Ба гуфтаи Хуан Мендез тайи 10 моҳи гузашта дар Қирғизистон алайҳи 8 маъмури амниятӣ бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом ва шиканҷаи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Гузоришгари Созмони Милал ҳамчунин гуфт, вазъи зиндонҳои Қирғизистон бисёр бад аст ва аз ҳукумат хост, барои ислоҳи вазъ саъйу кӯшиш кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG