Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаллодони Сталинро дар Украина ҷазо доданд


Дар Украина ҳашт нафарро бо гуноҳи буридани сари муҷассамаи Иосиф Сталин, диктатори собиқи Иттиҳодияи Шӯравии пешин аз 2 то ба 4 соли шартии зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ ҳамчунин амр дод, то ин гурӯҳ барои тармими пайкараи бесари Сталин бештар аз 12 ҳазор доллар ҷарима пардозанд. Моҳи майи соли гузашта комммунистони Украина дар шаҳри Запороже пайкараи Сталинро насб карданд, аммо ин гурӯҳи миллатгароён, Сталинро қотили украинҳо ва терористи байналмилалӣ хонда шабона сари ӯро аз танаш ҷудо карданд. Дар аҳди Сталин дар як қаҳтии бесобиқа дар Украина миллионҳо нафар ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG