Пайвандҳои дастрасӣ

Дастикам ду марди мусаллаҳ имрӯз дар як истгоҳи автобус дар шаҳри Лежи Белгия болои издиҳом тир кушода ва чанд норинҷак партофтаанд. Бар асари ин ҳамла дастикам ду кас кушта шуда, беш аз 60 тан ҷароҳат бардоштаанд. Пулис мегӯяд, яке аз ҳамлагарон низ зоҳиран кушта шудааст. Ин ҳамла дар наздикии бинои додгоҳ ва як бозори пуриздиҳоми фурӯши тӯҳфаҳои солинавӣ рух додааст. Мақомот дар бораи ҳуввияти ҳамлагарон ва иллати ҳамлаи онҳо изҳори бехабарӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG