Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Раҳмон барои ифтитоҳи дафтари "Сименс" дар Душанбе


Боздиди расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Олмон аз ширкати байнулмилалии “Сименс” оғоз ёфт. Дар ҷараёни боздид аз ин ширкат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки “Сименс” намояндагии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кунад. "Сименс" яке аз ширкатҳои мӯътабари байнулмилалист ва намояндагиҳои он дар бештар аз 190 кишвар фаъолият мекунад. Ширкат аслан бо мошинсозӣ, ҳавопаймосозӣ, фаъолиятҳои энержӣ, масоили беҳдоштӣ ва тавлидоти таҷҳизот машғул аст. Ширкати мазкур дар посух ба пешниҳоди оқои Раҳмон изҳор дошт, ки ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон омода аст. Сипас, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонаш дар Бундестаг ё порлумони Олмон бо намояндагони мардумии ин кишвар дидору гуфтугӯ намуданд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид оқои Раҳмон бо Кристиан Вулф, раисиҷумҳур ва Ангела Меркел, нахуствазири Олмон дидору гуфтугӯ кунад. Дар поёни мулоқот имзои чанд санади муҳими ҳамкории ҷонибҳо пешбинӣ шудааст. Оҷонси омори вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки соли 2010 мизони доду гирифти молу коло миёни ин ду кишвар бештар аз 31 миллион долларро ташкил додааст. Дар даҳ соли гузашта сармоягузории Олмон дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон 123 миллион евроро ташкил додааст. Баъд аз сафари Олмон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-16 аз Украина боздид анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG