Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии тарафдорони Тимошенко бо пулис


Тазоҳургарони тарафдори раҳбари мухолифини Украина Юлия Тимошенко имрӯз бо нирӯҳои пулис дар ҳоле даргир шуданд, ки додгоҳ дархости бозбинии ҳукми 7-солаи зиндони ӯро баррасӣ мекард. Садҳо тарафдори сарвазири собиқи Украина талош карданд, то садди пулис дар роҳ ба сӯи додгоҳи таҷдиди назари Киевро рахна кунанд. Худи Тимошенко дар мурофиа ҳузур надошт. Куммиссари ИА дар умури тавсиъа ва сиёсати ҳамсоягӣ Стефан Фуэле имрӯз қаблан аз Тимошенко дар зиндон аёдат кард. Ӯ гуфт, ки ба Тимошенко итминон додааст, ки ИА “пайгирии ҷараёни бозбиниии ҳукми ӯро идома дода, ба ҳаққи комили ӯ ба дифоъ аз худ дар додгоҳи одилона пой хоҳад фишурд.” Юлия Тимошенко дар моҳи октябр бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG