Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон аз имкони ба камбуди ғизо рӯ ба рӯ шудани ин кишвар нигаронӣ кардааст.

Алзира Ферейра, директори Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир банд мондани қатораҳои ҳомили маводи ғизоӣ ва кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар марзи Узбакистон имкон дорад вазъро аз ин ҳам бадтар кунад.

Вай илова кард, ки “дар ҳоли ҳозир 23 қатораи ҳомили озуқа, ки аз кишварҳои мухталиф бар асоси барномаҳои мо бояд ба ҷануби Тоҷикистон бирасад, банд мондаанд.”

Хонум Ферейра таъкид намуд, ҳанӯз моҳи октябри соли ҷорӣ қатораҳои ҳомили ҳазор тонна орд, 60 тонна нахуд, 240 тонна равғани растанӣ ва ғайра анвои ғизоӣ, ки Русия ба Тоҷикистон фиристода буд, дар Узбакистон банд монда, то ҳол як қатораи он ҳам ба Хатлон нарасидааст.

Алзира Ферейра афзуд, “Барномаи ҷаҳонии озуқа ба беш аз 500 ҳазор нафар мардуми камбизоати Тоҷикистон дар сол кӯмаки ғизоӣ мекунад, ки аксаран кӯдакони хонаводаҳои камбизоатанд. Дар маҷмӯъ, мо ду ҳазор мактабро ба ғизо таъмин мекунем, ки бахши аъзами ин мактабҳо дар вилояти Хатлон аст.”

Мудири Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон гуфт, ки банд мондани қатораҳои ҳомили маводи озуқаи мо дар марзи Узбакистон вазъияти кӯмакрасониро мушкил ва нигаронкунанда кардааст. Бино ба иттилои созмони ҷаҳонии озуқа, агар як мояи нигаронӣ банд мондани қатораҳо дар марзи Узбакистон бошад, омили дигар боло бурдани нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон аст, ки мардум ба далели зиёди мизони камбизоатӣ дастрасӣ ба хариди маводи ғизоиро надоранд.

Ӯ гуфт, “агар дар маҷмӯъ бигирем, аз 25 то 30 дарсади мардуми деҳоти Тоҷикистон ба камбуди ғизо рнӯ ба рӯ ҳастанд. Бино ба омори ахири Бонки Ҷаҳонӣ теъдоди мардуми камбизоат дар Тоҷикистон 47 дарсад ва 17 дарсад камбизоатии шадид дар 2009 тахмин зада шуда буд. Навтарин омор ҳамин аст. Дар чанд соли ахир теъдоди мардуми камбизоат ҳисоб нашудааст.”

Ба қавли хонум Ферейра мояи дигари нигаронӣ аз камбуди ғизо дар Тоҷикистон ин аст, ки имсол ҳосили гандум хуб нашуд ва ба далели пойин омадани нархи пахта дар бозор мардуми деҳот натавонистанд пули хуб ба даст биоранд, то зиндагии худро саришта бикунанд.




Ин ҳам дар ҳолест, ки Узбакистон то ба ҳол пули роҳи оҳан дар минтақаи “Ғалаба-Амузанг” таъмир накардааст ва дар бораи кушодани масири ҷануби роҳи оҳани Тоҷикистон иттилое намедиҳад.

Усмон Қаландаров, аз бахши иқтисоди корхонаи давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ин бора гуфт: “Дар ин бора навигарӣ нест. Вазъ чи хеле пеш буд, ҳамон тавр боқӣ мондааст. Гӯиё Узбакистон ба даҳон об гирифтааст.”

Ба гуфтаи мақомоти идораи давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон, тахриби пояи пули роҳи оҳан дар минтақаи “Ғалаба-Амузанг”-и Узбакистон он қадар кори мушкиле нест, ки ҳафтаву моҳҳо таъмири он тӯл кашад.

Владмир Собкалов, муовини раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, “бо он тавони фанние, ки Узбакистон дар ихтиёр дорад, метавонист ин пулро дар як шабонарӯз таъмир кунад.”

Ба қавли ӯ, инҷифор дар ин пул ҷуз як баҳонаи Узбакистон чизи дигаре нест. Зеро ба бастани ин роҳ дар фасли зимистон Узбакистон мехоҳад қимати колоҳо дар Тоҷикистон боло рафта ва норизоиятии мардум афзун шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG