Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷик -- барандаи унвони "Муаллими соли Маскав"


Низом Маҳкамов, омӯзгори тоҷики муқими шаҳри Маскав

Низом Маҳкамов, омӯзгори тоҷики муқими шаҳри Маскав

Низом Маҳкамов, як тоҷики муқими шаҳри Маскав, барандаи ҷоизаи “Муаллими соли Маскав - 2012” шудааст.

Ӯ ҳафт сол инҷониб дар Омӯзишгоҳи политехникиии шаҳри Маскав ба номи Иван Павлов ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунад. Барои дарёфти ҷоизаи “Муаллими соли Маскав - 2012” беш аз 860 омӯзгори ботаҷрибаи шаҳри Маскав довталабӣ мекарданд, вале бахт ба рӯи ин омӯзгори тоҷик хандид.

Оқои Маҳкамов дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло дар Омӯзишгоҳи политехникии рақами 8-и Маскав фаъолият дорам. Қаблан дар комбинати таълимӣ-истеҳсолии рақами 1-и шаҳри Исфара ва мактаби таҳсилоти умумии рақами 1 кор мекардам ва ба муҳассилин аз фанни информатика дарс мегуфтам.”

Низом Маҳкамов, ки худ фориғуттаҳсили Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон аст, мегӯяд, ки дар солҳои навадуми қарни гузашта ҳамчун унвонҷӯ таҳсилашро дар Душанбе идома медод. Вале даргириҳои дохилӣ боис шуд, ки ӯ ба зодгоҳаш, ноҳияи Исфара, баргардад. Ӯ чанд муддат дар зодгоҳи худ ба таълиму тадриси муҳассилин машғул буд, аммо камии маоши омӯзгорону камбуди нерӯи барқ ӯро маҷбур кард, то ватанашро тарк карда ба Маскав равад.

Оқои Маҳкамов гуфт, “барои таълим додани фанни информатика ҳадди ақалл барқ лозим аст. Мутаассифона, дар мактабҳо барқ нест, ман чӣ гуна дарс гузарам? Бинобар ин, маҷбур шудам, ки ватанро тарк карда ба Маскав оям.”

Ин омӯзгори тоҷики муқими шаҳри Маскав мегӯяд, раҳбарияти пойтахти Русия ба муаллимон ва олимони ҷавон таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Ба қавли ӯ, олимон ва устодони ҷавон дар се соли аввали фаъолият бар иловаи маошашон боз 30 дарсад вобаста ба ҳаҷми маоши худ маблағи иловагӣ дарёфт мекунанд.

Николай Краев, мудири бахши таълими Омӯзишгоҳ, аз Низом Маҳкамов ба унвони “устоди ботаҷрибаи коллеҷ” ёдоварӣ кард. Ӯ гуфт, “Низом Фаёзович шаклҳои интрактивии таълимро ҷорӣ мекунад, роҳҳои нави таълимро кор карда баромадааст ва ҳамчунин ба ҳамкорони хеш фаъолона кӯмак мекунад. Ӯ дар конфронсу чорабиниҳои илмӣ ва варзишӣ низ хеле фаъолона иштирок мекунад.”

Ба қавли коршиносони тоҷик, паст будани маош ва камтаваҷҷӯҳии мақомот ба олимону устодони ҷавон дар Тоҷикистон мунҷар ба “фирори мағзҳо” аз кишвар гаштааст. Аммо масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон дар робита ба “фирори мағзҳо” аз Тоҷикистон омори дақиқе гуфта натавонистанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ахир, дар мактабҳои таълимоти умумии Тоҷикистон беш аз 780 омӯзгори фанҳои забони русӣ, англисӣ, математика, биология ва физика намерасанд ва аксар вақт муаллимони фанҳои дигар маҷбур мешаванд, ки ин фанҳои барояшон бегонаро ба шогирдон таълим бидиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG