Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони иттиҳом алайҳи 15 "ҷосус" дар Эрон


ИРНО, хабаргузории расмии Эрон мегӯяд, ки Эрон 15 нафарро ба “ҷосусӣ” барои Амрико ва Исроил айбдор кардааст. Аммо дар ин хабар ҳуввияти ин гумонбарон ё ҷузъиёти кай ва чигуна боздошт шудани онҳо оварда нашудааст. Мақомоти Эрон дар гузашта низ ҳамин тавр, бидуни овардани ҷузъиёт чандин бор дар бораи боздошти афроди гумонбар ба ҷосусӣ барои Амрико хабар дода буданд. Хабари ахир дар ҳолест, ки Эрон як ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро ҳангоми вурудаш ба ҳарими ҳавоии Эрон аз Афғонистон суқут дод. Теҳрон имрӯз дархости Амрико барои пас додани ин ҳавопайморо радд кард.
XS
SM
MD
LG