Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини собиқи раиси шаҳри Исфара боздошт шуд


Муовини собиқи раиси шаҳри Исфара бо иттиҳоми қаллобӣ ва сӯъиистифода аз мақом боздошт шуда ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бино ба хабари “Азия Плюс”, мақомоти умури дохила Баҳром Бобоеви 53-сола ва як сокини ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфараро дар дастикам 3 мавриди фурӯши ғайриқонунии замин айбдор мекунанд. Мақомоти идораи мубориза бо фасоди вилояти Суғд танҳо дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин вилоят 65 мавриди қаллобӣ ва 10 мавриди сӯъиистифода аз мақомро сабт кардаанд.
XS
SM
MD
LG