Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии 45 донишҷӯи занҷирбанд аз як мадраса


Пулиси Покистон гуфт, шоми душанбе дар як амалиёт 45 толибилми занҷирбандро аз таҳхонаи мадрасае дар канори Карочӣ наҷот додааст. Раиси пулиси Карочӣ Малак Алтоф гуфт: «Шумори онҳо аз 40 то 45 нафар ва синнашон гуногун буд . Онҳо занҷирбанд буданд.»
Дастикам як рӯҳонӣ боздошт шуда, чандин тани дигар фирор кардаанд. Мақомоти мадраса иддао доштанд, ки донишҷӯёнро ба иллати мӯътодии онҳо ба маводи мухаддир занҷирбанд кардаанд ва дар инҷо аз онҳо мусалмонҳои комилро тарбия мекунанд. Аммо бархе донишҷӯён мегуфтанд, ки онҳоро шиканҷа медоданд ва мехостанд аз онон ҷангиёни ҷиҳодӣ тайёр кунанд. Пулис ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст. Бархе аз ҳазорон мадориси мазҳабии Покистон ба тарбияи ҷангиён ва кумак ба гурӯҳҳои ифротӣ айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG