Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада аз Паймони Киото хориҷ мешавад


Вазири муҳити зисти Канада Питер Кент гуфт, кишвараш аз ҳаққи қонуниаш барои хуруҷ аз Паймони Киото истифода хоҳад бурд: «Мо аз соли 2006 мегуфтем, ки Паймони Киоторо иҷро нахоҳем кард. Ин тасмим ин гуфтаҳои моро расмӣ мекунад.» Канада нахустин кишварест, ки ин Паймони соли 1997 ба хотири муқобила ба тағйири иқлим тасвибшударо канор гузоштанист. Ин кишвар гуфта буд, ки таааҳҳудоти нави илҳоқшуда ба Паймони Киоторо намепазирад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳукумати муҳофизакори Стивен Ҳарпер майли мамониат ба рушди босуръати риштаи нафти Канадаро надорад.
XS
SM
MD
LG