Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони як мақоми баланди артиши Беларус


 Генерал Иҳар Азаронак

Генерал Иҳар Азаронак

Иҷлоси низомии Додгоҳи олии Беларус фармондеҳи собиқи нирӯҳои ҳавоии артиши ин кишварро бо ҷурми ришвахорӣ ва «амалиётҳои ғайриқонунӣ» ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Генерал Иҳар Азаронак ҳукмашро бо нидои «Лаънат ба шумо, лӯъбатакҳо!» нисбат ба қозиён истиқбол гирифт. Муттаҳами дигар дар ин парванда шаҳрванди Русия Андрей Машкаутсан низ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Қозӣ Уладзимер Давидау Азаронакро аз унвони низомиаш низ маҳрум сохта, ба пардохти 138 миллион рубли Беларус, муодили тақрибан 16 000 доллар, ба хазинаи давлат низ маҳкум кард. Генерал Азаронак дар декабри соли 2010, ҳамагӣ як рӯз баъд аз интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳурии Беларус боздошт шуда буд. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста гузашт ва ҷузъиёти қонуншиканиҳои генерали собиқ ҳанӯз дастрас нест.
XS
SM
MD
LG