Пайвандҳои дастрасӣ

Ташхис мансубияти ҷасадро ба муҳоҷири тоҷик нишон дод


Бахтиёр Расулов ҳафтаҳое паеш аз ҳалокаташ.

Бахтиёр Расулов ҳафтаҳое паеш аз ҳалокаташ.

Ташхиси генетикии ҷасади сарбурида ва сӯхтае, маълум кардааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Қаблан низ тахмин мерафт, ин ҷасад, ки моҳи гузашта дар канори як рустои вилояти Ленингради Русия кашф шуд, ба шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Бахтиёр Расулов тааллуқ дорад.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба хабаргузории «Азия Плюс» гуфтаанд, ки ҷасади Бахтиёр Расулов дар рӯзҳои наздик ба зодгоҳаш – рустои Партизани ноҳияи Шаҳритӯс фиристода хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки модар ва хоҳарони Бахтиёр ҳанӯз аз марги муфоҷои ӯ дар Русия хабар надоранд.

Қатли ваҳшиёнаи ин муҳоҷири тоҷик вокунишҳои тундеро дар Тоҷикистон барангехт ва Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони ин кишвар ба хотири таҳқиқи қазия намояндааш Муҳаммадалӣ Ватановро ба Русия эъзом кард.

Қарор аст, рӯзи ҷумъа парлумон дар иҷлоси навбатиаш зимни натиҷагирӣ аз сафари Ватанов дигарбора ба ин қазия баргардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG