Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт"


Шаҳри Хоруғ, маркази маъумурии вилояти Бадахшон (акс аз бойгонӣ)
Шаҳри Хоруғ, маркази маъумурии вилояти Бадахшон (акс аз бойгонӣ)

Имрӯзҳо дар Хоруғ афроде дучор меоянд, ки ба адолати иҷтимоӣ бовар надошта, таҳдид мекунанд чун чораи охирин ба раиси ҷумҳур муроҷиат мекунанд.

Ҳарчанд ин афрод тардид доранд, ки арзашон ба дасти мақоми аввали кишвар мерасад.

РӮЗИ ТАЪРИХИИ МОҲИ ИЮЛ

Сокини шаҳри Хоруғ Имомдод Одинаев 380 маротиба ба СК (Кумитаи Марказӣ)-и собик Шӯравӣ ариза навишт. Аммо номаҳояш дар мавриди талаби пардохти ҳаққи меҳнат ё ба ҷойи таъйинот намерасиданд ва ё дар ҷавоб посухҳои рӯякӣ мегирифт. Ин марди ҳақталаб аз чунин муносибат ба арзу шикоятхо ба танг омада, ин дафъа бо ариза ва фарзандонаш рост ба пеши Ленин, ба мавзолей рафт.

Мавлодод, писари Имомдод, ки айни ҳол дар кӯчаҳои Хоруғ «Тангем» меронад, аз он ҳодисаи "таърихӣ"-и моҳи июли сол 1985-ум, ки сабаби чанд соат баста шудани мавзолейи Ленин гардид, ёдовар мешавад.

"Дар Маскав фестивали ҷавонон буд ва ҳамаи меҳмонхонаҳо банд буданд. Як рӯз дар меҳмонхонаи Тоҷикистон хоб кардем, баъд ба як хонаи иҷора моро бурданд. Рӯзи 4-уми июл соати сеи шаб падар моро бедор кард. Аризаҳоро, ки пешакӣ ба забони тоҷикӣ навишта шуда буданд, дар остинҳои курта ҷо кардем. Субҳ ба назди Майдони Сурх рафта навбат
Мавлодод Имомдодов, сокини шаҳри Хоруғ
Мавлодод Имомдодов, сокини шаҳри Хоруғ
гирифтем. Мавзолейро кушоданд. Чун наздик расидем, навбатдорҳо аз падарам пурсиданд, кӣ чӣ доред? Падарам, гуфт, ки фақат носкаду. «Знаем» гуфтанд онҳо ва моро пеш гузоштанд. Ҳангоме, ки ба мавзолей расидем, назарам ба ҷасади Ленин расид. Фикр кардам, ки ин қадар одами хурдакак чӣ қадар кори бузург кардаасту аз дасти мо одамони бузбала чизе намеояд. Дар ин вақт падарам аз остинаш аризаҳоро бароварда пош дод. Мо ҳам вайро пайравӣ кардем. Баъзешон ба бардюр афтиданд, баъзеҳо ба назди тобут. Ҳамааш дар як лаҳза рух дод. Моро маҳкам капиданд, дар мавзолей тупаланг ба вуҷуд омад, зеро одамон фикр карданд, ки теракт шуд. Мавзолейро баста моро ба СИЗО бурданд."

Мавлодод мегӯяд, ки дар боздоштгоҳ падарашон ба кормандони амнияти сабаби даст задан ба чунин иқдомро нақл ва талаби мулоқот бо роҳбарони Кумитаи Марказӣ кард. Аммо мулоқот бо роҳбарони Кумитаи Марказиро иҷозат надоданд ва пас аз се рӯз падар ва фарзандонашонро ҷавоб дода, онхо ба Тоҷикистон баргаштанд. Ба фикри Мавлодод, шояд ба хотири он, ки чор нафар хоҳаронаш-Ҳуснигулу Наргис ва Савригулу Ниссо зан буданду дар тан либоси миллӣ доштанд, дар боздоштгоҳ нисбати ҳамаи онҳо муомилаи нарм сурат гирифтааст.

АСЛИ ҚИССА ЧИСТ?

Солҳои 1960-ум дар пайи парвандаи пурсару садои «Памирторг», дар қатори 24 нафар Имомдодро ҳам ба исрофкорӣ муттаҳам ва дар паси панҷара шинонданд. Пас аз чанд соли маҳбусӣ ва авф шудан, вай ба озодӣ баромад. Барои ашхосе, ки дар он вақт тамғаи «зек» ба онхо часпонда мешуд, шуғл пайдо кардан осон набуд. Имомдод дар соҳаи хизматрасонӣ кор пайдо кард, вале 115 рубл маош барои хӯрондани 9 нафар фарзандонаш кифоят намекард. Ба фикре афтод, ки дар майдони холӣ ва санглохи канораи шаҳр боғ бунёд намуда, аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти он даромад ба даст оварад ва будҷаи хонаводаашро беҳтар созад.

Ташаббуси Имомдод дар мавриди бунёди боғ дар ҷойи холӣ ба вуқӯъ наомад. Ҳанӯз вакте, ки соли 1937-ум дар қатори хешовандони Шириншоҳ Шотемур ва дигар «душманони халк» ба шахри Ӯши ҷумҳурии Қирғизистон бадарға ва ба корхонаи шоҳибофии он ҷо ба кори иҷборӣ ҷалб гардид, зуд бо қобилият ва кордониаш ном бароварда, аксаш дар лавҳаи фахрии корхона ҷой гирифт. Пас аз бозгашт, соле чанд сарварии бригадаи кишоварзонро дар Хоруғ ба ӯхда дошт. Имомдод бо фарзандонаш ба обод намудани доманакӯҳи пур аз регу санг шуруъ карда, дар он 13 намуди мева шинонданд. Аммо талоши маҳбуси собиқ барои худкифоӣ, ба чомеа, ки ҳама чизаш танзимшуда буд, бегона менамуд.

Совхоз бо далели замини давлат будани ҷойи боғи навбунёд, бештар аз 18 тонна алафи сабз ва меваро муфт соҳиб шуд. Имомдод пардохти ҳаққи заҳматашро талаб кард, аммо дар ҷавоб посухи рад мегирифт. Мавлодод ёдовар мешавад: "Дар боғ кор мекардем, сангҳоро чинда гирдогирди он девор мезадем, аммо саҳар меомадем, ки ҳама ҷо вайрон кардагӣ, хукумат мардумро ба муқобили мо мешӯронданд."

Додгоҳи шаҳрӣ дар ивази ҳақро ба ҳақдор расонидан, Мавлододро таҳдид кард, ки дар сурати идомаи кор дар онҷо, ӯро ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.

Дар фикри Имомдод чун чораи охирин, тарҳи муроҷиат ба Ленин, ки дар мавзолей мехобид, маҳкам чой гирифт. Мавлодод мегӯяд, «падарам 380 маротиба ба Кумитаи Марказӣ муроҷиат кард, аммо КМ посухро ба ҷумҳурӣ ва ҷумҳурӣ ба мақомоти маҳаллӣ ҳавола мекард. Баъд падарам ба хешовандон муроҷиат карда гуфт, ки моро сафари зарур дар пеш аст, пул ёрдам кунед, агар ҳақамро гирифта тавонам, барзиёд бамегардонам, агар не, дар ду дунё бароямон бахшиш кунед ва хешовандон кӯмак карданд.»

Мавлодод боз мегӯяд: "Дар Душанбе Имомдод ва фарзандонаш чанд рӯзро дар назди қабулгоҳи котиби авввали Кумитаи Марказӣ гузаронданд, аммо онҳоро қабул накарданд. Зеро аз даъвои падарам огоҳ буданд ва талабашро ғайримунсифона мешумурданд. Се нафар хоҳаронамро ба Гаровутӣ ба назди апаамон фиристода, падарам маро ва чор нафар хоҳаронамро бо худ гирифта, озими Маскав шудем."

Ҳодисае, ки дар мавзолей рух дод, ашхоси воломақоми ҷумҳуриро ба ҷунбиш овард. Имомдодро дар Хоруғ намояндагони масъули мақомот ба ҳузур пазируфта, боғро барояшон баргардонданд. Аммо пардохти хаққи меҳнатро ба имрӯзу пагоҳ ҳавола мекарданд, то рӯзе расид, ки Шӯравӣ пароканда гардид ва дигар касе набуд, ки даъвогар метавонист аз ӯ хаққашро талаб кунад.

Дар солхои 1990-ум Имомдод дар қатори се-чор нафар узбакҳои бозори Хоруғ, аз афроди ангуштшуморе буд, ки дар дӯкончаи сари роҳаш ниҳол ва меваҳои хушккардаи боғашро мефурӯхт. Муаллифи сатрҳо ҳам боре аз дӯкони ин муйсафед, ки дар назди бинои рӯзномаи вилоятӣ ҷой гирифта буд, ниҳол харида, бо вай ҳамсуҳбат гардид. Аммо айни ҳол ҷойи дӯкончаи Имомододро мағозахои ашхоси дигар гирифтанд. Мавлодод, писари Имомдод мегӯяд, аммо ҳангоме, ки мардум мазза ва фоидаи иқтисоди бозаргониро дарк кард, барои дӯконашон дар шаҳр чой намонд ва онро бо баҳонае бардоштаанд ва акнун онҳо маҷбур шудаанд, барои бароварда сохтани ниёзхои рӯзгор бо наклиёти мусофиркашонӣ рӯ оваранд.

Муаллифи китоби «Хоруғи ман» Атобеки Амирбек, Имомдод Одинаевро яке аз муборизони нахустини талош дар роҳи хаққ номидааст.
XS
SM
MD
LG