Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди ҷунбиши экологҳои Узбакистон. Боз аз "Талко"


Корхонаи алюминиюми тоҷик -- "Талко"

Корхонаи алюминиюми тоҷик -- "Талко"

Ҷунбиши экологҳои Узбакистон масъулони ширкати "Талко"-ро ба “гурез аз мулоқот” муттаҳам намудааст.

Саидрасул Сангинов, як масъули Ҷунбиши экологҳои Узбакистон, аз раҳбарияти корхонаи алюминиюми тоҷик, мавсум ба "Талко" интиқод кардааст, ки аз мулоқот бо экологҳои узбак “мегурезанд”.

Ба қавли ӯ, фаъолони зистмуҳитии Узбакистон моҳи октябри соли ҷорӣ ду бор пешниҳод кардааст, ки масъулони ширкати "Талко" бо экологҳои Узбакистон таъсири ин корхона ба муҳити зист ва саломатии сокинонро баррасӣ намуда, озмоишҳои муштараки дуҷониба доир намоянд. Вале посухи муносибе дар ин маврид дарёфт накардаанд.

Ин масъули Ҷунбиши экологҳои Узбакистон гуфтааст, онҳоро ба ин мулоқоти рӯ ба рӯ бо масъулони ширкати "Талко" изҳороти раиси Бахши иттилоъ ва таҳлили корхонаи алюминиюми тоҷик, ки моҳи сентябр бо расонаҳо баён дошта буд, маҷбур кардааст.


Игор Сатторов, раиси бахши иттилоъ ва таҳлили ширкати "Талко"

Игор Сатторов, раиси бахши иттилоъ ва таҳлили ширкати "Талко"

Игор Сатторов моҳи сентябри соли ҷорӣ гуфта буд, ки “ширкат борҳо ба мақомоти Узбакистон пешниҳод кардааст, то барои рӯшан кардани таъсири фаъолияти "Талко" ба муҳити зист, озмоишҳои муштараки дуҷониба баргузор шавад. Аммо тарафи Узбакистон пешниҳоди моро нодида гирифт. Ин баҳс ба андозаи зиёд сиёсатзада аст, вагарна тарафи Узбакистон ба озмоишҳои муштарак ризоият медод.”

То ҳол мақомоти ширкати "Талко" дар робита ба ин изҳороти масъули Ҷунбиши экологҳои Узбакистон посухе надодаанд. Вале мақомоти ширкат мегӯянд, ин масъаларо бо ниҳодҳои ҳукуматӣ машварат карда, сипас посухи муносибе хоҳанд дод. Онҳо бовар доранд, ки мушкил сари фаъолияти корхонаи алюминиюм набуда, балки ба равобити ин ду кишвари ҳамсоя рабт мегирад.

Бори аввал нест, ки Узбакистон бо ҳар роҳ аз фаъолияти корхонаи алюминиюми тоҷик - “Талко” шикоят мекунад. Бар замми номаҳои зиёд ба созмонҳои байнулмилалӣ борҳо дар шаҳри Тирмиз ва манотиқи дигари вилояти Сурхондарё тазоҳуроти пуриздиҳоми зидди “Талко” ҷараён ёфт, ки гуфта мешавад бо дастур ва кӯмаки мақомоти давлатӣ баргузор гаштаанд.

Бархе аз олимон ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ дар ҷавоб аз таъсири зистмуҳитии фаъолияти корхонаҳои саноатии Узбакистон шикоят карданд. Аз ҷумла гуфта шудааст, корхонаи филизи Бекободи Узбакистон бо шеваҳои замони Шӯравӣ кор карда, дар зиёда аз бист соли гузашта, полоишгоҳҳои худ ва ҳам меъёри партовҳои заҳролудро коҳиш надодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG