Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Ҳамдам Тағоймуродов


Ҳамдам Тағоймуродов соли 1964 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Хатмкардаи бахши арабии факултаи шарқшиносӣ дар соли 1981 ва факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 2000 аст.

Панҷ сол дар Сурия ва 8 сол дар Хазинаи байнулмилалии асъор фаъолият кардааст. Муддате дар "Ориёнбонк" кор кардааст.

Се сол директори Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон ва се соли дигар сарвари шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузории Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Як сол ба ин сӯ сарвари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аст.

Донандаи забонҳои русӣ, арабӣ, англисӣ ва фаронсавӣ. Соҳиби ду фарзанд.
XS
SM
MD
LG