Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, сарбозони амрикоӣ бо шараф ва сари баланд аз марзи Ироқ берун мешаванд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз хотимаи ҷанги нӯҳсола дар Ироқ ситоиш кард ва ваъда дод, кишвараш ҳампаймони наздики Ироқ хоҳад монд.

Дар нишасти хабари муштарак бо Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ дар Кохи Сафед, Барак Обама гуфт, бо хатми ҷанг дар Ироқ “мавсими бозгашт ба хона” фаро расидааст ва охирин нерӯҳои амрикоӣ барои тарки Ироқ омода мешаванд.

Ӯ гуфт, “рӯзҳои наздик охирин сарбозони амрикоӣ аз марзи Ироқ берун хоҳанд шуд, бо шараф ва бо сари баланд. Баъди 9 сол ҷанги мо дар Ироқ ҳамин моҳ поён меёбад.”



АМРИКО АЗ ИРОҚ ХОРИҶ МЕШАВАД

Созиш дар мавриди хотимаи ҷанги Амрико дар Ироқ то 31 декабри соли 2011 чаҳор сол пеш дар аҳди Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳида имзо шуда буд, вале воқеъияти хотимаи ҷанг дар замони Барак Обама бешак ба нафъи ӯст, ки аз мухолифони аслии ҷанг дар Ироқ буд.

Раисиҷумҳури Амрико аз пешрафтҳои Ироқ ситоиш кард ва онро
кишвари мустақилу худкифо ва демократие номид, ки ба гуфтаи ӯ метавонад намунае барои кишварҳои дигаре бошад, ки ҳавои демократияро дар сар мепарваранд. Дар авҷи ҷанги ба раҳбарии Амрико дар Ироқ, тақрибан 170 ҳазор сарбози амрикоӣ дар хоки он кишвар мустақар буданд ва ҳоло аз онҳо 6 ҳазор нафар боқӣ мондааст.

Барак Обама гуфт, Амрико бо вуҷуди тарки нерӯҳояш ва хотимаи ҳузури пойгоҳҳои низомиаш дар Ироқ, як ҳампаймони аслии Ироқ хоҳад монд:
“Имрӯз ман ва нахуствазири Ироқ ба ҳамкориҳои дарозмуддати ду кишвар таъкид кардем, ки дар заминаи Чаҳорчӯбаи созишномаи стротежик рехта шудааст ва ин равобит монанди муносиботи наздике хоҳад буд, ки мо бо кишварҳои дигари мустақил дорем.”

Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ гуфт, кишвараш дар заминаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм, омӯзишу муҷаҳҳаз кардани артиш ва ҳам дар арсаҳои маорифу рушди иқтисод ба кӯмакҳои Амрико ниёз хоҳад дошт. Дар ҳамин рӯз вазорати дифоъи Амрико эълом кард, ки барои эҳёи нерӯҳои ҳавоии Ироқ ин кишварро бо ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ва дигар муҳимоти ҷангӣ таъмин хоҳад кард.

ҲАМСОЯҲОИ ИРОҚ ДАР ГУФТУГӮИ МОЛИКӢ ВА ОБАМА

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки бо нахуствазири Ироқ ҳамчунин бӯҳрон дар Сурияро баррасӣ кардааст: “Ман ва нахуствазир Сурияро баррасӣ кардем ва мо дар ин замина дидгоҳи муштарак дорем, ки мардуми Сурия кушта мешаванд ва қодир ба баёни хостаҳои худ нестанд ва ин душвории умда дар он кишвар аст.”

Дар нишасти хабарии муштарак ҳамчунин ба масъалаи Эрон ишора карданд ва раиси ҷумҳури Амрико дар посух ба суоле доир ба суқути як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар қаламрави Эрон гуфт, кишвараш аз Теҳрон хостааст, ҳавопайморо баргардонад ва афзуд, “бубинем, ки эрониҳо чӣ гуна посух хоҳанд дод.”

Мақомоти Амрико эътироф карданд, ки як ҳавопаймои ҷосусӣ ва бидуни сарнишини Амрико рӯзи чаҳоруми декабр дар қаламрави Эрон ба иллатҳои фаннӣ суқут кардааст, аммо Теҳрон мегӯяд, онро зимни вуруд ба фазои кишвар суқут доданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG