Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама мегӯяд, ҷанг дар Ироқ хотима меёбад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, бо Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, ки бо сафари дурӯзае дар Вашингтон қарор дорад, мулоқот кард. Боздиди Моликӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки нерӯҳои амрикоӣ бояд то охири имсол Ироқро тарк кунанд. Барак Обама дар як нишасти хабарии муштарак бо Нурӣ ал-Моликӣ гуфт: ““Дар рӯзҳои наздик, охирин сарбозони амрикоӣ аз марзи Ироқ берун хоҳанд шуд бо шараф ва сари баланд. Баъди 9 сол, ҷанги мо дар Ироқ ҳамин моҳ поён меёбад.” Барак Обама афзуд, Амрико як шарики бурдбори Ироқ хоҳад буд ва ба кишварҳои дигар ҳушдор дод ба умури Ироқ дахолат накунанд, ки зоҳиран ишорае ба Эрон аст. Нурӣ Моликиро дар сафараш ба Амрико, Ҳушёр Зибарӣ, вазири умури хориҷа, Саъдун ал-Дулаймӣ, вазири дифоъ ва дигар мақомоти баландпоя ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG