Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси порлумони Қирғизистон аз мақомаш истеъфо дод


Аҳмадбек Келдибеков, раиси порлумони Қирғизистон, ки ӯро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ҷиноӣ муттаҳам мекунанд, аз мақомаш истеъфо дод. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Аҳмадбек Келдибеков тамоми иттиҳомотро беасос хонда ва гуфтааст, ба хотири “халал наафтодан дар кори порлумон” аз мақомаш канорагирӣ кардааст. Қанибек Имоналиев, раиси кумиссиёни масъули таҳқиқи аъмоли Аҳмадбек Келдибеков ба Радиои Озодӣ гуфт, ошкор шуд, ки мушовирону дастёрони таъйинкардаи раиси порлумон бо гурӯҳҳои ҷиноӣ иртибот доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, кумиссиён собит кард, ки худи Аҳмадбек Келдибеков се маротиба дар хориҷ бо Қамчӣ Колбаев, як чеҳраи шинохта дар олами ҷиноии Қирғизистон мулоқот кардааст.
XS
SM
MD
LG