Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини вазири умури дохилии Белорус боздошт шуд


Яуҳен Полудзен, муовини вазири умури дохилии Ҷумҳурии Белорус, ки дар саркӯби тазоҳуроти баъди интихобот дар Минск нақши аслиро иҷро кардааст, боздошт шуд. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, додситонӣ, Яуҳен Полудзенро ба сӯистифода аз мақомаш муттаҳам кардааст. Ин муовини вазири умури дохилаи Белорус аз ҷумлаи онҳое буд, ки дар ҳодисаҳои баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли гузашта, амри пароканда кардани тазоҳуроти зиддидавлатӣ ва боздошти мухолифонро медод. Иттиҳодияи Аврупо ӯро барои ин кораш аз ҳаққи сафар ба кишварҳои узв маҳрум кардааст.
XS
SM
MD
LG