Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Ӯш аз раиси парлумон пуштибонӣ карданд


Гирдиҳамоии ҷонибдорони Келдибеков дар Ӯш
Гирдиҳамоии ҷонибдорони Келдибеков дар Ӯш
Имрӯз тақрибан ҳазор нафар дар канори бинои шаҳрдории Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, ҷамъ омада, талаб карданд, ки ба таъқиби раиси парлумони кишвар Аҳмадбек Келдибеков хотима гузошта шавад.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, эътирозгарон ҳамчунин хостори истеъфои Омурбек Текебоев, раиси фраксияи ҳизби Ота-Макон дар парлумон шуданд. Маҳз бо ибтикори ҳизби Ота-Макон робитаҳои эҳтимолии Келдибеков бо гурӯҳҳои ҷиноӣ мавриди тафтиш қаор гирифт.

Канибек Имоналиев, раиси комиссиюни парлумонӣ оид ба тафтиши аъмоли Келдибеков, ба Радиои Озодӣ гуфт, далелҳое ошкор шуданд, ки мушовирон бо ёварони раиси парлумон бо гурӯҳҳои ҷиноии кишвар робита доранд. Ӯ афзуд, ки Келдибеков соли равон дар сафарҳои шахсияш ба Дубай, Истамбул ва Астрахан бо яке аз афроди маъруфи олами ҷиноии Қирғизистон Камчий Колбоев мулоқотҳо кардааст.

Имрӯз парлумони Қирғизистон мавзӯъи изҳори нобоварӣ ба Аҳмадбек Келдибековро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG